Ширкати Tcell дар ҳамкорӣ бо намояндагии ширкати “Hyundai” иқдоми бузургмиқёси “Пардохти муваффақ”-ро пешниҳод месозанд. Ҷоизаҳои аксияи “Пардохти муваффақ”- телефонҳои ҳушманд (смартфонҳо), Smart TV, ноутбукҳо ва ҳатто мошинҳои сабукрав мебошанд.

Дар иқдом ҳама муштариёни Tcell аз гӯшаву канори Тоҷикистон ширкат карда метавонанд. Барои ин фақат пур кардани тавозуни телефон кофист. Аксия аз 1 майи соли равон то 10 сентябри соли 2019 идома хоҳад кард.

Барои он ки иштирокчии иқдом гардед, зарур аст, тавозуни телефонатонро дар давоми 1 май то 10 сентябр ба 10 сомонӣ ва ё бештар аз он пурра намоед. Барои ҳар як 10 сомонӣ ба муштарӣ SMS-паёмак бо рамзи инфиродӣ (ID-рақам) ирсол мегардад, ки баъдан тавассути ин рамзҳо тӯҳфаҳоро бурд кардан мумкин аст.

Аз 1 май то 10 сентябр Tcell ба муштариён 20 гӯшии ҳушманди Samsung Galaxy A30, 10 Smart телевизиони Samsung, 5 лаптопи MacBook Air 13 ва 3 сабукрави тамғаи Hyundai Accent 2019 тӯҳфа мекунад.

Иқдоми «Пардохти муваффақ» дар 3 давр сурат мегирад. Марҳилаи аввали аксия аз 1 май то 14-уми июн, бахши дуюм аз 15 июн то 29-уми июл ва даври сеюм аз 30-юми июл то 10 сентябр давом меёбад. Қуръакашии ниҳоии ҳар давр мутаносибан рӯзҳои 15-уми июн, 30-юми июл ва 11-уми сентябр дар дафтари асосии ширкат – Tcell Plaza баргузор гардида, ҷараёни он тавассути телевизион мустақиман дар саросари Тоҷикистон намоиш дода мешавад. Дар рӯзҳои баргузории бозии бурдҳои ниҳоӣ Tcell ҳамаи хоҳишмандонро барои назорати шаффофияти қуръакашӣ ба ширкат даъват менамояд.

Ғолибони аксия тариқи телефонҳои расмии ширкати Tcell огоҳ карда мешаванд.

Иқдоми «Пардохти муваффақ» бебохт аст, чунки муштариён барои иштирок дар он ҳеч гуна хароҷоти иловагӣ намекунанд. Аснои иштирок дар аксия муштариро фақат зарур аст, ки ба тавозуни телефонаш маблағ гузаронад ва онро бо назардошти худ барои истифодаи интернет, ирсоли навору паёмак, гуфтугӯ ва ғайра истифода намояд.

Тавозуни худро бо 10 сомонӣ пурра намоед, ID-рамз (рақами шиносоии инфиродӣ) бигиред ва иштирокчии иқдом гардед.

Добавить комментарий