Дастаи мунтахаби футболи ҷавонони Тоҷикистон (U-19) дирӯз дар варзишгоҳи «20-солашии Истиқлолият» дар шаҳри Хуҷанд дар як бозии дӯстона бо ҳамсолони худ аз Ӯхбекистон вохӯрд.

Се голи ҷононаи тоҷикистониҳо бо як пеналтӣ ба дарвозаи ҳарифи ноком, яъне узбакистониҳо. Ин бозӣ бо банду басти фаннӣ, суръати расо, токтики хуб ва тарикбороиҳои ҷаззоби баччаҳои мо диданӣ буд. Аммо наметавон дастаи аслӣ, тими мунтахаби кишварро чунин баҳо дод. Бозии дастаи яккачини Тоҷикистон ҳанӯз дар сатҳи паст, посухгӯйи футболи модерни рӯз нест. Ин маънои онро дорад ки дастаҳои лигаи бартари мо ҳанӯз ҳампои дастаҳои номдори Осиёию Аврупоӣ нестанд, ҳамчунин дастаҳои мо аз шароити хуби таълиму тамрин бархурдор нестанд, маъоши дархур надоранд, мураббиёни сатҳи баланде ҳамчун донову тавонои аврупоиён дар мо намерасанд.

Ҳукуматҳои шаҳру вилояту марказ ба рушди футболи кишвар таваҷҷуҳи дақиқу корасоз надоранд. Аммо доираи мухлисону дӯстдорони футболи Ватан ташнаи пирӯзиҳои дурахшони тими милли Тоҷикистон асту танҳо шоҳиди пирӯзиҳои дигарон мешавад ва аз ҳунарнамоии бефурӯғу аз бохтҳои ноҳинҷори даста маъюс мегардад ва тасаллӣ медиҳад худро: Доимо яксон намонад, ҳоли даврон ғам махур…

Голҳои бозиро Абдулмумин Забиров (дақиқаи 34 аз пеналтӣ, 1:0), Салам Ашурмамадов (40, (2:0), Рустам Соиров (83 (3:0), Улуғбек Ҳошимов (87 (3:1), Сунатулло Исмоилов (90+2 (4:1) заданд.

Вохӯрии якуми ин дастаҳо, ки чанд рӯз пеш дар ҳамин варзишгоҳ баргузор шуда буд, бо натиҷаи 0:1 бар суди меҳмонҳо анҷом ёфта буд.

Обид Шакурзода

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here