Дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ҳолатҳои гирифтани пора ва ё туҳфа (подош)-ро шарҳ дода, гуфтанд, андозаи туҳфа дар қонун муайян шудааст ва он то 5000 сомониро дарбар мегирад.

Муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон Илёс Идрисзода дар нишасти матбуотии Агентӣ гуфт, гирифтани пора ё туҳфа вобаста ба ҳолати мушаххас баҳо дода мешавад. Агар аломатҳои дар моддаи 319 пешбинишуда дар амали шахси мансабдор, ки бо истифода аз мақом метавонад шахсро дар ҳолате гузорад, ки ӯ маҷбур аст пора диҳад, пас ин амал ҳамчун гирифтани пора бандубаст карда мешавад.

— Дар ҳақиқат созмонҳои байналхалқӣ дар бисёр ҳолат ба мо пешниҳод мекунанд, ки дар қонунгузорӣ ваъдаи пораро ҳамчун гирифтани пора эътироф кунем. Бояд гуфт, ки ҳамин чиз ба менталитети мардуми мо рост намеояд. Инро мо ба онҳо мефаҳмонем. Дилхоҳ одам ба назди мансабдоре равад, агар бо мақсади додани пора ҳам набошад, мегӯяд, ки ҳамин кори маро як бало карда иҷро кардан даркор. Ин табиати мардуми мо аст. Агар шумо розигӣ надиҳеду хап карда шинед, ё сар ҷумбонда «майлаш» гӯед, тибқи талаботи онҳо бояд шуморо ба ҷавобгарӣ кашем. Агар ин хел кунем, метавонем дилхоҳ одамро ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашем. Аз ин рӯ, ҳолати мушаххасро баҳо дода, баъдан муайян карда мешавад, ки дар ин ҷо аломати таркиби ҷинояти додани пора ё гирифтани он ҳаст, ё нест. Агар сода карда гӯем, шахсе, ки туҳфа медиҳаду ба ягон ҷо муроҷиат намекунад, ҳеҷ кас аз он хабар намеёбад, ҳеҷ вақт онро аломати таркиби ҷиноят гуфта наметавонем ва вобаста ба кирдори содиркардаи ӯ баҳо медиҳем. Бинобар ҳамин, агар шахси мансабдор барои амали ғайриқонунӣ маблағи муайян гирад, ин ҳамчун гирифтани пора баҳогузорӣ карда мешавад, — гуфт Идрисзода.

Мушовири ёрдамчии Президенти Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ Содиқ Шоназаров, ки дар ин нишаст ҳузур дошт, андешаашро доир ба мафҳуми пора ва подош (туҳфа) баён кард. Ӯ аз ҷумла гуфт, дар қонунгузории кишвар мафҳумҳои пора, подош, сӯистифода аз сӯи шахсони мансабдор дуруст муайян шудааст.

— Аммо гирифтани туҳфа, ба гумони ман, ду намуд мешавад. Яке бо суистифода аз мақоми мансабии худ подош мегирад. Масалан, кори ягон нафарро иҷро мекунад, ба ӯ ягон маблағи пулӣ медиҳанд. Инчунин, туҳфа новобаста аз фаъолияти хизматӣ аз шахсони алоҳида — дӯст, хеш, рафиқ ба шахси мансабдор дода мешавад. Ин дар қонуни Тоҷикистон дар мубориза бо коррупсия омадааст, ки ба гумонам, андозаи он то 5000 ҳазор сомонӣ аст. Ин ҳам як маротиба дар як сол, — гуфт Шоназаров.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here