Гурӯҳи маъруфи «Трион Консерваторияи Москва» ва дастаи рақсии «Алан» барои ширкат дар Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Тоҷикистон, ки аз 23 то 27-уми сентябри соли ҷорӣ баргузор мегардад, ба Душанбе меоянд.
Ифтитоҳи ботантанаи Рӯзҳои фарҳанги Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 24 сентябри соли 2017 соати 18:00 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Айнӣдар назар аст.
Барномаи консертӣ дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Турсунзода, намоишгоҳи «Русский север» дар Театри Айнӣ, дарси сайқали маҳорат дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талаб Сатторов, вохӯрии эҷодӣ дар Донишгоҳи славянӣ аз ҷумлаи чорабиниҳоеянд, ки дар доираи Рӯзҳои фарҳангӣ ба нақша гирифта шудаанд.
Иштирокчиёни Рӯзҳои фарҳанги ФР ба шаҳри Норак низ сафар карда, барномаи ҷолиби консертӣ баргузор мекунанд.