Рӯзи 5-уми декабр дар Академияи ВАО бо иштироки намояндагони воситаҳои ахбори омма дар мавриди шахсони имконияташон маҳдуд тренинги омӯзишӣ гузаронида шуд.

Дар тренинги мазкур узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Наҷмиддини Шоҳинбод, Нигина Икромова, Нисо Шамсиева ва намоянда аз Кумитаи  занон ва оила Саломат Асоева иштирок доштанд.

Тренинг фарогири мавзуи “Фаҳмиши муосири маъюбият ва тарзи дурусти инъикоси масъалаҳои шахсони дорои маъюбият дар ВАО” ва якчанд паҳлуи дигари масъала буд.

Иштирокчиён ба 3 гуруҳ ҷудо шуда, “Монеаҳои ҷисмонӣ”, “Робита ва суҳбат бо маъюбон”, “Рафтори ҷомеа нисбати маъюбон” номгузорӣ гардида буданд ва дар бораи мавзуи мавриди назар мисолҳо овардаву онҳоро шарҳ доданд.

Мақсад аз гузаронидани ин тренинг боло бурдани сатҳи касбияти иштирокчиён барои инъикоси мушкилоти шахсони имконияташон маҳдуд гуфта шуд.

Миҷгона Эшонова,

Зарнигор Асоева

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here