Президенти ИМА Доналд Трамп рӯзи сешанбе оғози раванди импичмент дар Конгрессро табаддулот номид. Вай чунин меҳисобад, ки импичмент барои ин тарҳрезӣ шудааст, ки қудратро аз мардум дур кунад.
«Ҳар рӯз бештару бештар меомӯзам ва ба хулосае меоям, ки ин ҳодиса таҳқир кардан нест, балки табаддулотест, барои аз дасти мардум гирифтани қудрат, раъйи онҳо, озодиҳо ва тағйири иловаи дуюми онҳо (ба конститутсия), дин, қувваҳои мусаллаҳ, девор дар сарҳад (бо Мексика) ва ҳуқуқҳои аз ҷониби Худо ба шаҳрвандони Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дода шуда аст», — навиштааст вай дар сафҳаи Twitter-и худ.
Дар Иёлоти Муттаҳида дар рӯзҳои охир як ҷанҷоли бузурге дар атрофи гуфтугӯи телефонии Трамп дар моҳи июл бо президенти Украина Владимир Зеленский сар зад, ки дар ниҳоят сабаби ба импичмент алайҳи раҳбари Амрико табдил ёфтан шуд. Ба гуфтаи мухолифони сиёсии президенти ИМА, Трамп зимни гуфтугӯи телефонӣ кӯшиш кард, ки Зеленскийро бовар кунонад, ки тафтишоти фаъолияти писари ноиби президенти пешини ИМА Ҷозеф Байденро дар Украина бар ивази ёрии молиявӣ ва низомӣ ба Киев оғоз кунад.