Президенти ИМА Доналд Трамп дар Твиттер навишт, ки Иёлоти Муттаҳида аниқ медонад, ки раҳбари нави гурӯҳи террористии «Давлати исломӣ» пас аз нобуд шудани Абубакр ал-Бағдодӣ кӣ шудааст, хабар медиҳад ТАСС. «ДИ роҳбари нав дорад. Мо дақиқ медонем, ки ӯ кист!» — навиштааст Трампбидуни ишора ба кӣ будани ӯ.
Баъдтар, рӯзи ҷумъа, ҳангоми брифинг барои рӯзноманигорон, ҳамоҳангсози зиддитеррористии Департаменти давлатии ИМА Нейтан Салес аз посух додан ба суоли оё Вашингтон дақиқ медонад, ки раҳбари нави Давлати исломӣ аст, худдорӣ кард. «Мо ин раҳбарро меомӯзем. … Аммо, ҳангоми иваз шудани роҳбари ташкилоти террористӣ, мехоҳем боварӣ ҳосил кунем, ки мо дар ин бора маълумоти навтаринро дорем, то барои мубориза бо он самаранок истифода шаванд», — гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, Трамп рӯзи 27 октябр аз кушта шудани Ал-Бағдодӣ дар Сурия эълон кард. Ба гуфтаи вай, дар ҷараёни амалиёти низомии ИМА як террорист камарбанди маргталабро таркондааст, аммо «зуд ва дақиқ муайян карда шуд», ки ӯ Ал-Бағдодист.
Баъдтар сухангӯи вазорати дифоъи Русия генерал-майор Игор Конашенков гуфт, ки Маскав дар бораи баргузории амалиёт аз ҷониби артиши ИМА дар мавриди «нобудшавии» навбатии террорист маълумоти мӯътамад надорад.
Кремл гуфт, ки агар вафоти раҳбари ДИИШ тасдиқ карда шавад, пас мешавад дар бораи саҳми ҷиддии Доналд Трамп дар мубориза бо терроризми байналмилалӣ сӯҳбат кард.
Рӯзи сешанбе, 29 октябр, Трамп инчунин аз ноуб шудани «вориси эҳтимолии Ал-Бағдодӣ» хабар дод.
Ба фикрум шуи холашай. Точна шуи холаш.