Доналд Трамп, ки борҳо дар маъракаи пеш аз интихоботи президентӣ баромаду суханҳои зиддиисломӣ кардаву бо оғози фаъолияташ вуруди шаҳрвандони чанд кишвари мусулмон ба Америкаро мамнуъ гардонд, ҳоло дар Твиттер видеое бо мӯҳтавои исломҳаросиро бознашр кардааст.

Ин навори бознашри президенти ИМА видеоҳоеанд, ки як узви аршади як созмони ростгароҳои радикалӣ ва ифротӣ дар Англия онро мунташир кардааст.

Ноибраиси созмони «Britain first» (Аввал Британия) Ҷейд Франсен рӯзи чоршанбе дар Твиттери худ чанд видео нашр кардааст. Дар яке аз ин видеоҳо, ба хитоб илқо шуда, ки як «муҳоҷири мусулмон» ба тарзи ваҳшёна ҷавони маълули нидерландиро мавриди зарбу лат қарор медиҳад.

Дар видеои дуюм, фарди ба зоҳир мусулмон, пас аз баёни изҳороте ба забони арабӣ, муҷассамаи Марями муқаддасро бар замин задаву онро мешиканад.

Видеои сеюм афродеро дар боми сохтмоне нишон медиҳад, ки бо дар даст доштани парчами ДИИШ, чанд ҷавони дастбастаро аз боми сохтмон ба поин меандозанд.

Трамп ин се видеоро, ки ҳама марбут ба солҳои гузашта ҳастанд, имрӯз дар Твиттери худ мунташир кард.

«Вашингтонпост» навиштааст: «Аҷиб аст, ки ҳанӯз ҳам аз твиттҳои президенти чилупанҷум (Трамп) ғофилгир мешавем, аммо ба назарам ретвит карданаш аз як неофашисти британиягӣ як рекорди навест аз таназзул».

Дар ҳамин ҳол, Британияи Кабир ин амали Трампро маҳкум кард. Сарвазири англис Тереза Мей дар изҳороти худ гуфтааст, «Britain first» бо истифода аз дурӯғ ва расидан ба эҳсоси мардум, кӯшиш мекунад, ки дар ҷомеа нооромӣ эҷод кунад».

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here