Президенти ИМА Доналд Трамп изҳори умедворӣ кард, ки президентҳои Украина ва Русия Владимир Зеленский ва Владимир Путин метавонанд мулоқот кунанд ва мушкилотро баррасӣ кунанд.

“Ман бовар дорам, ки президент Путин мехоҳад коре кунад. Ман аслан умедворам, ки мулоқоти шумо бо президент Путин баргузор мешавад ва мушкилотро баррасӣ мекунед. Ин як дастоварди бебаҳо хоҳад буд», — гуфт Доналд Трамп зимни мулоқоти дуҷониба бо Владимир Зеленский дар Маҷмаи Умумии СММ дар Ню Йорк.

Президенти Амрико ваъда кард, ки вай аз кишварҳои дигар барои Украина ёрии густарда пайдо хоҳад кард. Владимир Зеленский президенти ИМА-ро ба Украина даъват кард, вай посух дод, ки «кӯшиш мекунад».

Президентҳо инчунин дар бораи гуфтугӯи телефонии моҳи июл, ки боиси ҷанҷол дар Иёлоти Муттаҳида гаштааст, сухан гуфтанд. Владимир Зеленский гуфт, ки Доналд Трамп ба ӯ фишор наовардааст ва намехоҳад ба интихобот дар ИМА, ки моҳи ноябри соли 2020 баргузор мешавад, дахолат кунад. Президенти Украина қайд кард, ки прокурор «бояд ҳама гуна парвандаҳоро баррасӣ кунад». Зеленский шӯхӣ кард, ки гуфтугӯ бо Трамп дар назди камераҳои телевизионӣ беҳтар аст, суҳбати телефонӣ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here