Президенти кунунии ИМА, ҷумҳурихоҳ Доналд Трамп гуфт, ки дар ояндаи наздик ӯ ба интиқоли қудрат ба маъмурияти нави демократ Ҷозеф Байден тамаркуз хоҳад кард, аммо ваъда дод, ки маъракаи сиёсии худро дар оянда низ идома хоҳад дод.

Паёми видеоии раҳбари Амрико дар сафҳаи Твиттери ӯ нашр шудааст.

«Конгресс натиҷаҳои [интихоботро] тасдиқ кард, маъмурияти нав ба кори худ аз 20 январ шурӯъ мекунад. Ҳоло диққати ман ба таъмини интиқоли бемамониат, муташаккилона ва бедарди қудрат нигаронида шудааст », — гуфт ӯ.

«Ҳоло лозим аст, ки ба худ оям ва ба тақдир тан диҳам», — илова кард президент.

«Мо тоза интихоботи сахтро паси сар кардем ва эҳсосот аз ҳад зиёданд. Аммо акнун замони ғайратро ба эътидол овардан ва оромиро барқарор кардан расидааст. Мо бояд пеш равем ва корҳои Амрико идома диҳем ”гуфт ӯ.

Ба гуфтаи Трамп, ситоди ӯ тамоми имконотро барои ба шубҳа гузоштани натиҷаҳои интихобот ва таъмини шумориши софдилонаи овозҳо истифода кард. «Бо ин кор, ман барои ҳифзи демократияи Амрико мубориза бурдам», — гуфт Трамп.

Дирӯз дар Конгресс пирӯзии Ҷо Байден эълон шуд ва акнун бояд президенти нав 20-уми январ дар маросими савгандёдкунӣ ширкат кунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here