Президенти ИМА Доналд Трамп раҳбари Ҷумҳурии халқӣ-демократии Корея Ким Чен Унро ҳушдор дод, ки дар сурати бад шудани муносибатҳои байни ду кишвар эҳтимоли аз даст додани “ҳама чиз”-ро дорад. Ӯ инро дар саҳифаи худ дар Твиттер нашр кард.

“Ким Чен Ун хеле доно аст. Вай, агар муносибати дағалона дошта бошад, ҳамааш набошад ҳам, бисёр чизҳоро аз даст медиҳад. Мо дар Сингапур созишномаи халъи ҳастаиро имзо кардем. Вай намехоҳад муносибати хубро бо президенти Иёлоти Муттаҳида вайрон кунад ”, — навиштааст Трамп.

Рӯзи 8-уми декабр намояндаи Кореяи Шимолӣ дар СММ Ким Сонг гуфт, ки ҶХД Корея набояд музокиротро бо Иёлоти Муттаҳида дар бораи халъи ҳастаӣ идома диҳад. Ба гуфтаи дипломат, масъалаи халъи силоҳи ҳастаӣ аз ҷониби Амрико барои ҳалли масъалаҳои дохилии марбут ба дубора интихоб шудани Трамп дар соли 2020 истифода мешавад.

ИМА ва ҶХДК аз соли 2018 дар бораи халъи силоҳи ҳастаии Корея музокирот мекунанд. Трамп, ба шарти дар ин масъала мувофиқа ҳосил шудан, омодагии худро барои лағви таҳримот аз ин кишвар изҳор кард. Бо вуҷуди ин, дар ҷараёни охирин музокирот дар моҳи октябри соли 2019, Пхенян нокомии ин гуфтушунидро эълон кард, аммо Вашингтон ин иддаоро рад кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here