1 ва 2-юми ноябр дар шаҳри Тошканд мулоқоти сарони ҳукумати кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай баргузор мегардад. Барои ширкат дар ин мулоқот нахуствазирони ҳамаи кишварҳои узви ин созмон гирдиҳам меоянд. Дар ин бора дабири кулли СҲШ Владимир Норов дар як брифинг иттилоъ дод.

Гуфта мешавад, дар ин чорабинӣ ҳамчунин раисони ҳукумати кишварҳои нозири СҲШ — Ҷумҳурии исломии Эрон, Белорус, Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва Муғулистон ширкат мекунанд. Барои ширкат дар ин мулоқот намояндагони як қатор созмонҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ, Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ ва Шӯрои кории СҲШ низ ба Тошканд хоҳанд омад.

— Ҳадафи асосии мулоқоти навбатии сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ ба татбиқи ташаббусҳои бисёрҷонибаи давлатҳои узви ин созмон нигаронида хоҳад шуд. Бар ин асос  дар минтақа ҳамкориҳои манфиатбахш, суръати рушди иқтисодӣ, тавсеаи ҳамкориҳо дар бахши нақлиёт ва барқ, саноатро таъмин хоҳад шуд. Дар баробари ин, мулоқот дар мавриди афзоиши сармояҳо, корбаст намудани инноватсияҳо, таъмини аҳолӣ бо шуғл  ва амсоли он мусоидат менамояд,-гуфт Владимир Норов.

Ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар арафаи мулоқоти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ Вазири корҳои хориҷии ин кишвар Абдулазиз Комилов Дабири кулли СҲШ Владимир Норовро ба ҳузур пазируфт. Ҷонибҳо масъалаҳои муҳими ҳамкориҳо дар чаҳорчӯби СҲШ ва ширкати Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар фаъолияти доманфарохи СҲШ-ро ҳини гуфтугӯ баррасӣ карданд.

Гуфта мешавад, ки  рӯзи аввали мулоқоти сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ 1 ноябр баргузор мегардад.  Дар мулоқоти Тошканд Нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо як ҳайати густардаи ҳукуматӣ ширкат хоҳад кард.

Интизор меравад, ки дар ин мулоқот сарони ҳукуматҳои кишварҳои узви СҲШ барномаи ҳамкориҳои бисёрҷонибаи тиҷоратӣ-иқтисодиро дар таҳрири нав қабул мекунанд.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here