Инак,  домани интихоби 50 фарди беҳтару бартар то манотиқи дигари кишвар густурда шуд.

Шоми 26-уми январ  дар меҳмонхонаи «Hayyat Regency» Душанбе» ширкати ТВ ва радиои «Ватан» 50 фарди беҳтару бартар дар қаламрави кишварро эълон кард. Дастандаркорон пойбанд ба шарту усули баргузории озмун аз миёни чанд сад иштирокчӣ нахуст тариқи пешниҳод дар сомонаи хос- top50.tj  ва баъдан аз ҷониби ҳайати кории ҷоиза,  50 нафари беҳтарро пазируфтанд. ТОП 50 ба ҷуз озмуни озодагиву зебоипарастӣ,  ҳамчунин маҳфили матраҳест,ки инсонҳоро ба ҳам меорад, зеҳнҳоро такомул мебахшад, ба дилҳо фараҳ меорад. Дастандаркорон ба муносибати дар сатҳи ҷумҳуриявӣ эътироф гардидани озмун як қатор навгонӣ ворид карданд: пахши зиндаи маросими мутантану бошукӯҳ тариқи шабакаи иҷтимоии Фейсбук, тақдими Диплом ба намояндагони гуногуни қишри ҷомеъа, онҳое ки натанҳо сурати зебои зоҳирию либоспӯшӣ дорад, балки бо сирату сифоти инсонӣ дар ҷомеъа бонгу ном ёфтааст.

Инак ба феҳрасти барандагони ҷоизаи «Топ-50 дар соли 2018 ошно бигардед:

1.     Рустами Эмомалӣ

2.     Манзура Ғафурова

3.     Шаҳло Акобирова

4.     Раҷаб Мирзо

5.     Наргис Рахматшоева

6.     Влад Шаманский

7.     Баҳриддин Камолидинов

8.     Шаҳриёр Даминов

9.     Зулайхо Игамова

10.  Темуршо Иматшоев

11.  Моҳпайкар Ёрова  ва Абдумумин Шарифӣ

12.  Аъзамхон Акбаров

13.  Далер Ҷумъаев

14.  Расул Латипов

15.  Вероника Коробкина

16.  Абдураҳмон Ҳалимов

17.  Муфарраҳ Муҳабатов

18.  Дилбар Ҳусейнова

19.  Шаҳноза Субҳонова

20.  Аъзам Ахруллоев

21.  Амиран Карацев

22.  Гулбаҳор Азизова

23.  Амирбек Исаев

24.  Саидҳофиз Дастонзод

25.  Алибек Отамбеков

26.  Фирӯза Каримова

27.  Андрей Коваленко

28.  Шаҳзода Султонбоева

29.  Беҳрӯз Хоҷазода

30.  Диловаршо  Саидов

31.  Холида Ҷӯраева

32.  Алексей Корчагин

33.  Сайидо Амонов

34.  Алан Воловикис

35.  Гулнора Ахмедова

36.  Румӣ Шоазимов

37.  Азиз Закиряев

38.  Зарнигор Миршакар

39.  Ҳабибулло Мирзошарифов

40.  Дидор Саъдуллоев

41.  Аловуддин Абдуллоев

42.  Рустам Гулов

43.  Мунира Исамова

44.  Хуршед Улмасов

45.  Зебуниссо Солиева

46.  Амал Ҳафизова

47.  Абдулло Кодиров

48.  Фотима Холова

49.  Меҳрубон Сангинов

50.  Шаҳноза Мирзоева

Нахуст 6 сол ин озмун бо эътирофу эҳтиром ба ашхоси сарнишонси кишвар талош кард, ки эътиқоди мардумро сазовор бигардад ва баъдан ҳамчун озмуни сатҳи ҷумҳуриявӣ эътироф бигардад. ТОП 50 дар ин фосилаи кутоҳ собит кард, ки тарсими воқеъбинонаи ҳар як фарди фархеҳта метавонад нафари дигарро таҳрик бидиҳад. Яъне,  дигарон талош мекунанд , то по ба пои инсонҳои муваффақ бираванд. 6 сол ТОП 50 беҳтаринҳои пойтахтро муаррифӣ кард, ҳоло онҳоеро ки дар ҷумҳурӣ дар риштаи худ ҳирфаиянд,  мунаккис менамояд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here