КВД «Тоҷиксуғурта» мегӯяд, новобаста ба шиддат гирифтани рақобат дар бозори суғуртаи мамлакат мавқеи назаррас ва устувор пайдо карда, аз рӯи воридоти ҳаққи суғуртавӣ дар ҷои дуюм ва аз рӯи пардохти маблағи товони зарар ба мизоҷон дар ҷои аввал қарор дорад.

Раиси КВД “Тоҷиксуғурта” Шуҳрат Мақсудзода имрӯз, 22 — юми июл дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин ниҳод дар вилояту минтақа ва шаҳру навоҳии кишвар 69 филиал дошта, аз рӯи 22 намуди суғуртаи ҳатмӣ ва 9 намуди суғуртаи ихтиёрӣ фаъолияташро ба роҳ мондааст.

-Мизоҷони мо шаҳрвандони табақаи миёнаи аҳолӣ, зиёиён, шаҳрвандони оддӣ ва мансабдорон низ ҳастанд. Дар нимсолаи якуми соли ҷорӣ КВД “Тоҷиксуғурта” бо 360 692 шахсони воқеию ҳуқуқӣ шартномаҳои суғуртавӣ ба имзо расонидааст, ки аз ин ҳисоб 28 315 адад шартномаҳои суғуртаи ҳатмӣ ва 332 377 адад шартномаҳои шакли ихтиёрӣ мебошанд. Шумораи бештари шартномаҳо, ки 93 210 ададро ташкил медиҳанд, дар вилояти Хатлон ба имзо расонида шудаанд,-гуфт Ш. Мақсудзода.

Ҳамчунин, гуфта шуд, дар шаш моҳи аввали соли равон ба 2761 нафар зарардидагон ба маблағи умумии 2 409000 сомонӣ ҷуброни суғуртавӣ пардохт кардаанд, ки 13,5 фоизи маблағи умумии ҳаққи суғуртавии воридгардидаро ташкил додааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here