Ташаннуҷи авзоъ дар минтақаҳои марзии Тоҷикистон ва Қирғизистон, садоҳои тирпарронӣ, куштаву захм бардоштани афсарону сарбозон ва даҳҳо сокини минтақаҳои марзии ду кишвари ҳамҷавор — Тоҷикистону Қирғизистон фаъолони Созмони иҷтимоии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакиро ба нигаронӣ мувоҷеҳ кардааст.

Гуфта мешавад, ки дар ин кишвар беш аз панҷоҳ ҳазор мардуми тоҷиктабор зиндагӣ мекунанд. Аксарияти онҳо бошандагони ҷамоати шаҳрвандони Учқӯрғон, шаҳраки Ҳайдаркони ноҳияи Қадамҷо, деҳаи Андараки ноҳияи Лайлаки вилояти Ботканд мебошанд.

Ҳодисаҳои рӯзҳои ахир фаъолони созмони мазкурро сахт ба ташвиш овардааст. Ноиби раиси Созмони иҷтимоии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ Мавлонҷон Абдураззоқов аз номи фаъолони созмон муроҷиатнома ироа кардааст ва мардуми ду самти марзро ба сабру таҳаммул ва сулҳ даъват намудааст.

Тавре ки дар ин муроҷиатнома қайд шудааст, тоҷикону қирғизҳо муддати дароз  инҷониб ҳамсоя ҳастанд ва паҳлӯи ҳам, дар фазои дӯстиву рафоқат ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд. «Бо такя ба далелҳои таърихӣ тоҷикону қирғизҳо дар замони шӯравии собиқ ва давраи нави истиқлоли ин ҷумҳуриҳои ҳамҷавор анъанаву суннатҳои ниёкони худро  ҳифз намуда,  дар соҳаҳои гуногун робитаҳои ҳамкориро ба роҳ мондаанд. Ба ин таҷлили 25-умин солгарди ба роҳ монда шудани алоқаҳои дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон мисоли равшан шуда метавонад», — зикр гардидааст дар ин муроҷиатнома.

Бино ба муроҷиатномаи мазкур мардуми тоҷиктабори Қирғизистон ба оянда ҳамеша бо  назари нек нигоҳ мекунанд. Гуфта мешавад, ҳукумати Қирғизистон тамоми шароитро барои ҳифзи забону фарҳанг, ривоҷи анъанаҳо ва расму ойинҳои тоҷикони ин кишвар фароҳам овардааст.

“Ҳамчунин, ба туфайли сиёсати мутавозуни байни миллатҳои ҳукумати Тоҷикистон ҳамаи шароити созгор ва зиндагии боамну субот ба қирғизҳои муқими ин кишвар низ муҳайё карда шудааст. Барои ҳамин тоҷикони Қирғизистон аз шунидани   хабари ҳодисаҳои номатлуб дар марзи миёни ду кишвари ҳамҷавору дӯст, ки 16 сентябри соли равон  ба вуқӯъ пайваст, орому қарори худро аз даст доданд. Ин дар ҳолест, ки Раисони ҷумҳури ҳарду кишвар моҳи июли соли равон ҳамаи масъалаҳои марбут ба мушкилоти марзиро баррасӣ карданд ва ҳалли онро аз роҳи мулоқоту гуфтушунид имконпазир донистанд”,  -омадааст дар муроҷиатномаи созмони тоҷикони Қирғизистон.

Ноиби раиси Созмони иҷтимоии тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Рӯдакӣ Мавлонҷон Абдураззоқов бар ин ақидааст, ки масъалаҳои ҳалношударо танҳо метавон аз роҳи гуфтугӯ ва музокираҳо ҳаллу фасл кард.

— Мо, фаъолони созмони тоҷикони Қирғизистон бо дарки эҳсос ва масъулият аз ҳарду ҷониб даъват мекунем, ки сабру таҳаммулро пеша намоянд ва аз ҳар гуна низоъ ва кашмакашиҳои осебпазир ва пурфоҷиа даст кашанд, — гуфт ба мухбири “Фараж” муаллифи ин муроҷиатнома Мавлонҷон Абдураззоқов.

Ба таъкиди мавсуф ҳар гуна ҷангу низоъ оқибатҳои бад дорад ва вазъиятро ноором карда, одамонро ба ташвишу нигаронӣ дучор месозад. Мавлонҷон Абдураззоқов мегӯяд, ин нукта  пештар низ зимни ташаннуҷи авзоъ дар ин минтақаҳои марзӣ акси худро нишон дода буд ва чунин ҳодисаи ногувор боз такрор ёфт, ки хеле нигаронкунанда мебошад.

Ногуфта намонад, ки ӯ фарзанди шоир ва нависандаи тоҷиктабори Қирғизистон, Аълочии маорифи Тоҷикистону Қирғизистон, узви ифтихории Иттиҳодияҳои нависандагони Тоҷикистон ва Қирғизистон Шарифҷони Учқӯрғонӣ мебошад.

Мирасрор Аҳроров,

мухбири “Фараж”, ноҳияи Қадамҷо, Қирғизистон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here