Шоми 11-уми июл дар боғи эҷодии ба номи Эркин Воҳидови шаҳри Марғелон, воқеъ дар вилояти Фарғонаи Узбекистон, маросими ифтитоҳи фестивали байналмилалии мусиқии фолклорӣ таҳти унвони “Роҳи бузурги абрешим” баргузор гардид. Ин фестивал то 13 июл давом хоҳад кард.

Дар он дастикам дусад нафар меҳмон аз кишварҳои Осиёи Марказӣ, ҳамчунин Чин, Фаронса, Лаҳистон, Малайзӣ, Ҷопон, Туркия, Ҷумҳурии исломии Эрон, Ҷумҳурии исломии Афғонистон, Урдун ширкат доранд.

Фестивал бо намоиши барномаи консертии дастаҳои фолклории хонаҳои маданияти як қатор шаҳру ноҳияҳои вилоят оғоз гардид. Дар суруду мусиқиҳое, ки танинандоз гардиданд, акси ҳаёти дирӯзу имрӯз, тараннуми дӯстиву рафоқат, меҳру муҳаббат ва ҷовидонии мусиқӣ ва адабиёту фарҳанг  ҳувайдо буд.

— Барои баргузории ин фестивал наздики шаш моҳ омодагӣ дида шуд. Чунки меҳмонони зиёд ба он даъват шуда буданд ва барои истиқбол ва пазироии онҳо шароит бояд мусоид бошад. Ҳоло шоми аввали ин фестивал паси сар шуд. Меҳмонон аз он шоду фархунда буданд, ки аз барномаҳои консертии дастаҳои фолклории мо лаззат бурданд, дӯстони нав пайдо карданд, — мегӯяд сухангӯи дафтари матбуоти ҳокимияти вилояти Фарғона Гулбаҳор Саидғаниева.

Ба гуфтаи ӯ дар фестивал аз Тоҷикистони ҳамҷавор 20 нафар меҳмон ҳузур доранд. Онҳо таҳти раёсати раиси кумитаи занҳои дастгоҳи ҳукумати вилояти Суғд Назира Ғафурӣ дар ин фесивал ширкат доранд.

— Пазироӣ ва меҳмоннавозии гурӯҳи меҳмонони тоҷикистониро банда бар дӯш дорам. Рӯзи дуюм ин меҳмонон дар конфаронси илмӣ-эҷодии “Раванди рушди санъати мардумӣ дар Роҳи бузурги абрешим” ширкат карданд. Баъд дастаи фолклории онҳо дар озмун-азназаргузаронӣ, ки дар назди ин фестивал роҳандозӣ мешавад, иштирок хоҳанд кард, — гуфт сардори садорати шӯъбаи таълими халқи вилояти Фарғона Маъруфҷон Турдиматов.

Дар чаҳорчӯби фестивали Марғелон ба саҳна гузоштани намоишномаҳо низ барномарезӣ шудааст. Гуфта мешавад, рӯзи дуюм меҳмонони фестивали фолклорӣ дар мадрасаи “Саид Аҳмадхӯҷа Эшон”  намоишномаеро таҳти унвони “Вақте ки зоғҳо парвоз мекунанд”-ро тамошо мекунанд. Баъд аз соати ҳаштуним то дувоздаҳи шаби 12-уми июл  намоиши барномаҳои консертии дастаҳои фолклории кишварҳои ширкаткунанда баргузор мегардад, ки барои озмуни фестивали мазкур пешбинӣ шудааст.

Мирасрори Фарғонӣ,

хабарнигори “СуғдНюс”, шаҳри Марғелон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here