Дар хабар аст, ки моҳҳои март-апрели соли равон ваксини AstraZeneca» аз коронавирус, «ки истеҳсоли Британияи Кабир аст, ба Тоҷикистон ворид гардад. Дар ин бора Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дода, гуфтааст, ки барои қабул ва гузаронидани ваксина тадбирҳои зарурӣ амалӣ мешаванд.

Барои дар сатҳи зарурӣ гузаронидани ваксинзанӣ дар муассисаҳои тандурустии кишвар яхдонҳо ва хонаҳои махсус омода карда шуда, мутахассисон омӯзонида шудаанд.

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар байни аҳолӣ дар бораи ваксинкунӣ пурсиш гузаронидааст. Пурсиш маълум крадааст, ки 81 дарсади аҳолии Тоҷикистон барои гирифтани ваксин бар зидди COVID-19 розӣ ҳастанд.

Гуфта мешавад, дар навбати аввал кормандони соҳаи тандурустӣ, шахсони синнашон аз 60 боло, гуруҳи одамони осебпазир, ки  дорои бемориҳои ҳамрадиф, хусусан гирифтори бемориҳои қанд, гепатит буда, аз 20 то 49-сола мебошанд, ваксин карда мешаванд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here