Ширкати Tcell сокинони Тоҷикистонро ба фарорасии Наврӯз бо консерт ва шоуи зинда (интерактивӣ) табрик мекунад.  

Наврӯз – рамзи шукуфоӣ ва зиндашавии табиат аст, онро сокинони кишвар бесаброна интизор мешаванд. Чун анъана, Tcell ҳар сол дар рӯзҳои иди Наврӯз барои сокинони манотиқи мухталифи ҷумҳурӣ чандин барномаву чорабиниҳои фарҳангӣ созмон медиҳад.

21 марти соли равон мошинҳои махсус, ки бо рангу сабки Tcell ороиш ёфтаанд, ба минтақаҳои кишвар роҳ пеш мегиранд. Онҳо бо худ рамзи баҳор, шодмонӣ ва сурудро мебаранд, зимнан тамошои консерт ва ҳунарнамоии ҳунармандон, инчунин бозиҳои тафреҳӣ низ бо сокинон дар назар аст!

Сокинони Хуҷанд, Турсунзода, Кӯлоб, Бохтар ва Хоруғ Наврӯзро бо Тсеll пешвоз мегиранд! Аснои таҷлили ид Tcell тамошобинонро бо суманак зиёфат дода, дар минтақаҳо ҳунарнамоии овозхонҳо, бозиҳои оилавӣ, шоуи зинда бо тамошобинон, бурди тӯҳфаҳои хотиравӣ баргузор мешавад. Ҳамчунин, дар ин байн пайваст шудани муштариён ба ширкати Tcell имконпазир аст, мутахассисони ширкат омодаи расонидани ҳар гуна кӯмак ва машварат барои сокинон ҳастанд.

Нақлиёти бо рангу сабки  Tcell ороишёфтаро пайдо намоед ва Наврӯзро бо мо ҷашн бигиред!

Дар пойтахти Тоҷикистон- шаҳри Душанбе бошад, дар рӯзҳои истироҳатӣ баргузории шоуи технологии муштараки ширкати Tcell бо «Душанбе Мол» таҳти унвони «T-tech 2019» ба нақша гирифта шудааст. Дар «T-tech 2019» имкони пайдо кардани маълумот дар бораи замимаҳои нави мобилӣ, навгониҳои олами техника ва дастовардҳои ҷадид дар бахши электроникаву мошинсозӣ вуҷуд дорад. Шоуи технологии «T-tech 2019» рӯзҳои 23 ва 24-уми март, соати 15:00 дар таваққуфгоҳи бози маркази тиҷоратии «Душанбе Мол» (Ашан) сурат мепазирад.

Tcell якояки Шуморо бо Наврӯз ва фарорасии баҳори хуҷастапай шодбош мегӯяд! Бигузор, Наврӯз барои Шумо рӯзҳои гарму офтобӣ ва ба ҳамагон комгориву шукуфоиро ба армуғон биёрад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here