Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода ба хабарнигори АМИТ «Ховар» гуфтааст, дар Тоҷикистон пештар аз ҳама кормандони соҳаи тиб, маориф, одамони синнашон аз 50 боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ воксин карда мешаванд.

Вазир гуфтааст, бо мақсади тақсимоти одилонаи воксин дар байни гурӯҳҳои афзалиятноки аҳолӣ аз ҷониби Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ чорабиниҳо гузаронида, дастурамал таҳия ва қабул карда шудааст. Тибқи дастурамали мазкур, пеш аз ҳама, бояд дастрасӣ ба кормандони соҳаи тандурустӣ ва иҷтимоӣ, ки хатари баланди сироятёбиро доранд, пиронсолон ва онҳое, ки аз бемориҳои музмини ғайрисироятӣ, аз ҷумла бемориҳои дилу рагҳо, диабети қанд, метаболитикӣ (фарбеҳӣ) азият кашида, хавфи баланди талафоти ҷонӣ доранд, таъмин карда мешаванд.

Гуфта мешавад, ки Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар робита бо ташаббуси Алянси глобалии воксин ва иммунизатсия, ки механизми байналмилалии COVAX-ро ташкил карда, бевосита ба ҳамоҳангсозии чорабиниҳо барои ҷамъоварии маълумот оид ба бақайдгирии кишварҳои ниёзманд (92 кишвари ҷаҳон) барои расонидани кӯмакҳо бо мақсади таъмини онҳо бо воксин бар зидди сирояти COVID-19 фаъолият дорад, гурӯҳи кории техникиро дар ҳайати сармутахассисони соҳавӣ, коршиносон ва намояндагони ташкилотҳои байналмилалӣ барои омодабошӣ ба воридкунии воксини зидди сирояти COVID-19 таъсис додааст.

Аз ҷониби гурӯҳи мазкур, тибқи дархости механизми COVAX, гурӯҳи мақсаднок аз ҳисоби шумораи умумии аҳолӣ барои фаро гирифтан бо воксинкунонӣ бар зидди сирояти COVID-19 муайян гардид, ки он 1,8 миллион нафар, ё 20 дарсади аҳолии умумии кишварро ташкил медиҳад.

Ба ин гурӯҳ кормандони соҳаи тиб, маориф, одамони синнашон аз 50 боло ва шахсони гирифтори бемориҳои музмини ғайрисироятӣ дохил карда шудаанд.

Шумораи мақсадноки аҳолӣ ба Алянси глобалии воксинҳо ва иммунизатсия 7 декабри соли 2020 ирсол шуда, Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба рӯйхати давлатҳои дархосткунандаи воксин бар зидди сирояти COVID-19 ба механизми COVAX шомил гардидааст.

Дар назар аст, ки теъдоди зарурии воксин барои гурӯҳҳои номбаршуда аз ҷониби механизми COVAX ба ҷумҳурӣ тариқи кумаки башардӯстона пешниҳод мешавад. Ғайр аз ин, барои харидории воксин аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ 3 миллион доллар ҷудо гардида, иловатан ҷудо намудани 5 миллион доллари америкоӣ дар назар дошта шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here