Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар аз гуфтушунид бо ҷониби Русия барои харидани воксини зидди коронавируси COVID-19 хабар дод. Муовини сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров гуфтааст, ки гуфтушунидҳо тавассути роҳҳои дипломатӣ идома доранд.

Ба гуфтаи мавсуф, ҳаҷми истеҳсоли воксин дар Русия барои фурӯши оммавӣ ҳанӯз кофӣ нест ва тибқи нақша он дар як сол то 1,5 миллион воя истеҳсол карда мешавад. Ин дар ҳолест, ки худи аҳолии Русия 142 миллион нафарро ташкил медиҳад.

— Тибқи арзёбиҳои пешакӣ, барои эмкунии сартосарии аҳолии Русия тақрибан 9 сол лозим аст. Илова бар ин, ба ҷуз Тоҷикистон, боз 26 кишвар барои харидории воксин дар навбатанд. Азбаски байни Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи тандурустӣ созишнома вуҷуд дорад, умед дорем, ки ба мо ин воксин дастрас карда мешавад, -гуфтааст Н. Ҷаъфаров.

Ин масъули Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон иброз доштааст, ки алҳол гурӯҳи корӣ оид ба ҳисобу китоб ва муайян намудани миқдори зарурии воксин барои мамлакат таъсис дода шудааст. “Баъди ворид кардани воксини зидди коронасирус, он нахуст ба беморони гирифтори диабети қанд, бемориҳои роҳи нафас, кормандони соҳаи тиб, онҳое, ки ба ҳифзи сарҳад машғуланд, дастрас карда мешавад ва баъд барои аҳолии солим ҳисоб карда мешавад”, — гуфтааст ӯ.

Наврӯзов ҳамчунин таъкид доштааст, ки миқдори муайяни одамони ба COVID-19 гирифторшуда, подтан пайдо мекунанд ва ба ин одамон гузаронидани воксин лозим намеояд, чун подтанҳо тақрибан барои ду сол фаъол будаанд.

Ёдовар мешавем, ки воксин бар зидди коронавируси COVID-19 дар Русия рӯзи 11-уми август ба қайд гирифта шуда буд ва дар назар аст, ки рӯзҳои наздик истеҳсоли оммавии он шурӯъ гардида, моҳи октябр воксинкунонии шаҳрвандони ба гурӯҳи осебпазир шомили Русия оғоз меёбад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here