Дар мавзеи Учариқи ноҳияи Риштони вилояти Фарғона оғози соли равон гузоштани хишти аввали сохтмони бинои боғчаи кӯдакон ба таври тантанавор ба вуқӯъ пайваста буд. Дар айни ҳол корҳои сохтмонӣ дар ин ҷо бо суръат идома дорад. Гуфта мешавад, ки сохтмони ин кӯдакистон 4 миллиард сӯм ё муодили 425  ҳазор доллари ИМА-ро тақозо менамояд ва таъмини молии онро Ҳукумати Тоҷикистон бар ӯҳда дорад.

Тавре ки дафтари матбуоти дастгоҳи ҳокимияти ноҳияи Риштон ба мухбири “Фараж” иттилоъ дод, боғчаи мазкур аз ду ошёна иборат буда, барои 200 нафар бунёд мегардад. Корҳои сохтумониро аз оғоз то анҷомгурӯҳи сохтумончиёни тоҷик бар зима хоҳанд дошт. То ин замон ошёнаи дуввуми ин бино сохта шуда, сохтумончиён ба шинонидани дару тирезаҳо машғуланд.

— Муддати баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин боғчаи кӯдакон дар оғози моҳи сентябри соли оянда муқаррар шудааст. Барои ҳамин сохтумончиён дар ду баст корҳои сохтумониро ба роҳ мондаанд, то ки дар муддати муқарраршуда сохтумони кӯдакистонро ба фарҷом расонанд,-гуфт масъули корҳои сохтумонии дастгоҳи ҳокимияти ноҳияи Риштон Содиқҷон Ҳайдаров.

Қаблан Ҳукумати Тоҷикистон таъмини молии сохтумони бинои мактаби таълимоти ҳамагонӣ дар шаҳри Самарқандро бар дӯш дошт. Мактаби мазкур барои 640 нафар донишомӯзон муқаррар шудааст.

Баъди барқарор шудани муносибатҳои неку дӯстонаи     миёни Ӯзбекистон ва Тоҷикистон байни ин ду кишвари  ҳамҷавор ҳамкориҳои зиёду доманфарох ба роҳ монда шудаанд.  Аз ҷумла, Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ дар ноҳияи Спитамени вилояти Суғд ва ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлони Тоҷикистон як бинои мактаби бо гунҷоиши 600 нафар ва як шифохонаи 200 бистариро бар дӯш гирифтааст.

Мирасрор Аҳроров,

хабарнигори “Фараж”, Тошканд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here