Шумораи сироятёфтагони коронавирус дар шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон нисбат ба рӯзҳои гузашта афзудааст. Агар дар рӯзҳои гузашта омор аз 30 то 34 ҳолати гирифториро нишон медод, ҳоло ин рақам ба 39 расидааст.

Дар баробари афзудани ҳолати нави сирояти CoViD-19 як фавт аз ин вирус ба қайд гирифта шудааст, хабар медиҳад маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ сирояти коронавирус дар муддати аз 30-юми апрел то 9-уми сентябр 8899 ҳолатро ташкил дода, 7683 (86,3%) нафар аз ин беморӣ шифо ёфта, бар асари он 71 нафар фавтидаанд.

Дар шабонарӯзи охир 93 нафар гумонбари гирифтор ба коронавирус таҳти назорати пизишкон қарор дошта, 33 нафар бемор баъд аз табобат аз муассисаҳо рухсат шудаанд.

То ин дам 27,8 миллион нафар дар ҷаҳон ба ин вирус мубтало шудаанд ва 902 ҳазор нафар ба ҳалокат расидаанд. Шумораи шифоёфтагон 18,7 миллион нафар гуфта мешавад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here