Федератсияи байналхалқии футбол (FIFA) рейтинги нави дастаҳои мунтахаби аъзояшро нашр кард, ки дар он футболи Точикистон дар зинаи 119-ум қарор гирифт.

Дар муқоиса ба моҳи гузашта рейтинги дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон як зина боло рафтааст. Тоҷикистон дар рейтинги мазкур дар байни кишварҳои Ҷумҳурии халкӣ-демократии Корея (118) ва Косово (120) ҷой гирифтааст. Ҳоло дастаи  мунтахаби  Тоҷикистон бо дар ҳисоби худ 1152 имтиёз дорад.

Дар рейтинг дастаи мунтахаби Белгия бо 1746 хол дар ҷойи аввал аст. Дар зинаи дуюм дастаи мунтахаби Бразилия бо 1726 имтиёз ва дар ҷойи сеюм дастаи  мунтахаби Фаронса бо 1718 хол ҷойгир шудаанд.

10 дастаи беҳтарини рейтинги нави FIFA инҳоянд: Белгия (1746 имтиёз), Бразилия (1726), Фаронса (1718), Англия (1652), Уругвай (1637), Португалия (1631), Хорватия (1625), Колумбия (1622), Испания (1617),  Аргентина (1610).

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here