Дар шабонарӯзи гузашта дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати нави гирифторшавии шаҳрвандон ба коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта нашудааст, хабар медиҳад Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, дар маҷмӯъ то дирӯз, 24-уми январ, дар кишвар 13308 нафар гирифтори сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13218 нафар ё 99,3% шифо ёфтаанд. Гуфта мешавад, ки аз аввали эпидемия 90 нафар бар асари ин вирус фавтидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here