Дар Тоҷикистон нахустин маротиба ҷарроҳии саратони бачадон бо муваффақият анҷом шудааст. Ҷарроҳии мазкур аз ҷониби мутахассисони Муассисаи давлатии “Маркази ҷумҳуриявии илмии саратоншиносӣ”-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода дастгоҳи муосири тиббӣ-таҷҳизоти эндовидеоӣ сурат гирифтааст. Дар ин бораи вебгоҳи Вазорати тандурустӣ хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, директори маркази мазкур Зафар Ҳусейнзода гуфтааст, ки ин намуди ҷарроҳии мураккаб қаблан дар хориҷи кишвар гузаронида мешуд ва сарфи маблағу вақти зиёдро талаб мекард.

Номбурда ҳамчунин иброз доштааст, ки қабл аз Соли нав низ аввалин маротиба дар кишвар мутахассисони муассисаи мазкур ҷарроҳии саратони гурдаро бо усули эндовидеолапороскопӣ бомуваффақият гузаронида буданд.

Ҳусейнзода ин ҳолатро дастоварди муҳими соҳа унвон карда гуфтааст, ки бо дастрасии дастгоҳи муосири тиббии эндовидеоҷарроҳии истеҳсоли Олмон — Карл Штрос, саратоншиносони тоҷик мушкилтарин ҷарроҳии вобаста ба саратони гурдаро бо харҷи ками маблағ ва вақт гузарониданд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here