Аз дафтари матбуоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон иттилоъ расид, ки аз 1-уми феврал то 2-юми апрели соли ҷорӣ 6 ҳазору 272 нафар шаҳрванде, ки аз кишварҳои хориҷа ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои мамлакат ба қарантин фаро гирифта шудаанд.
Аз ин ҳисоб то имрӯз 2 ҳазору 359 нафари онҳо рухсат шудаанд ва айни ҳол 3 ҳазору 913 нафар дар беморхонаҳои сироятии мамлакат дар қарантин қарор доранд.
Инчунин, Вазорати тандурустӣ хабар медиҳад, ки то имрӯз, 2-юми апрел, дар Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.
Дар ҷаҳон теъдоди сироятёфтагон ба намуди нави коронавируси COVID-19 ба беш аз 935 ҳазор нафар расида, шумораи фавтидагон зиёда аз 47 ҳазор нафар ва шифоёфтагон аз 194 ҳазор нафар гузашт.