Аз хадамоти матбуотии Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вебгоҳи faraj.tj иттилоъ доданд, ки аз 1-уми феврал то  8-уми апрели соли ҷорӣ  7 ҳазору 257 нафар шаҳрванде, ки аз хориҷа ба Тоҷикистон ворид гардиданд, дар беморхонаҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои ҷумҳурӣ  таҳти қарантин  гирифта шудаанд.

То 8-уми апрел 5 ҳазору 243 нафари онҳо пас аз муоина ва ташхиси тиббӣ ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 2 ҳазору 14 нафарашон дар бемористонҳои сироятӣ ва осоишгоҳҳои кишвар, ки барои муоина ва таҳти назорат гирифтани шаҳрвандон муқарар карда шудаанд, ба қарантин фаро гирифта шудаанд.

Инчунин, мувоффиқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, то имрӯз, 8-уми апрел, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ягон ҳолати  сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here