Студияҳое, ки имрӯз бо тарҷумаҳои филмҳои хориҷӣ машғул ҳастанд, бештарашон ҳуқуқҳои муалифонро поймол мекунанд.

Ин нуқтаро имрӯз зимни нишасти матбуотӣ, директори Муассисаи давлатии “Тоҷикфилм” Раҳмон Носирӣ иброз намуд. Ба гуфтаи ӯ, студияҳои хусусие, ки ба тарҷумаи филмҳои хориҷа, алалхусус филмҳои туркӣ машғул ҳастанд, бе ҳамоҳангии муаалифони кино онро тарҷума мекунанд, ки ин поймол намудани ҳуқуқи муаллиф аст.

Ин дар ҳолест, ки “Тоҷикфилм” мегӯяд, дар маркази дублияжи ин муассиса ҳамаи таҷҳизоти муосири тарҷумонӣ муҳйаё аст.

Ҳамчунин раиси “Тоҷикфилм” иброз намуд, ки мо дар як вақти кӯтоҳ ба бозори аудиовизуалии кишвар бо як омодагии ҷиддӣ ва бо ҳимояи ҳуқуқи муаллифон ворид мешавем.

Ин дар ҳолест, ки имрӯз бозори аудиовизуалии кишварро тарҷумаҳои студияҳои хусусӣ гирифтаанд.

Комрони Аслон

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here