Имрӯз дар нишасти матбуотӣ сардори Сарраёсати МД “Тоҷикфилм” Маҳмадсаид Шоҳиён зикр намуд, ки масъалаи “пират” Русия ва тамоми дунёро фаро гирифтаасту ҷавобгарӣ дорад.

Мутахассиси ин соҳа Абдуллозода А. гуфт, ки “оид ба паҳнкунии намоиш дар худи сарраёсат мо иҷозатдиҳӣ (индексатсия) дорем. Дар вазъияти коронавирус дӯконҳо баста шуда буданд ва назорат дар ин самт каме суст буд. Дар моҳи апрел қариб 30 ҳазор чунин дискҳое, ки бе шартнома дар бозор ва дӯконҳои фиттафурӯшӣ ба фурӯш гузошта мешуданд, аз муомилот бароварда шуданд. Аксарият филмҳои худро дар “Ютуб” мегузоранд. Бозори аудиовизуалиро (пиратҳо) бароварда истодаанд”.

Ба гуфтаи Маҳмадсаид Шоҳиён, “худи муассисаи мо ба ин кор даст намезанад. Соҳибкорон барои маблағ шуда, дар студияҳои шахсии худ ба таври ғайрикасбӣ овоз дода, ба фурӯш мебароранд. Дар бозорҳову дӯконҳои фиттафурӯшӣ бо як маблағи ночиз ба фурӯш гузошта мешавад”.

Ҳамзамон, ӯ илова намуд, ки агар иҷозатдиҳиро манъ намоянд, худи нусхабардорӣ кам хоҳад шуд: “Барои ин корро анҷом додан ҳуқуқ надорем. Агар пешниҳод шавад, мо метавонем ин корро анҷом диҳем. Ҳар моҳ мо бо комиссияи муштарак, бо кормандони прокуратура рейдҳо мегузаронем. Лекин чунин чизҳо вориди Тоҷикистон мешаванд. Дар оянда барои маҳдуд кардан кӯшиш дорем, ки фақат дар як ҷо нусхабардорӣ карда шаванд. Шояд мушкилӣ ҳам пеш ояд. Ман умуман зидди филмҳо бо забони лаҳҷавӣ ҳастам. Мо як забон дорем ва пеш аз ҳама бояд забони давлатии худро пос дорем. Дар оянда низ мо ин масъалаҳоро пайгирӣ менамоем ва ба ҳадафи худ мерасем”.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here