Зодаи деҳаи Учқӯрғони ноҳияи Қадамҷо, воқеъ дар вилояти Ботканди Қирғизистон, Дилдора Раҳмонова дар гӯуштии камарбандӣ, ки онро гуштии тарзи фарғонача низ мегӯянд, қаҳрамони ҷаҳон шуд. Дар ин бора ба мухбири “Фараж” ноиби раиси Созмони тоҷикони Қирғизистон ба номи устод Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ Мавлонҷон Шарифзодаи Абдураззоқ иттилоъ дод.
Гуфта мешавад, ки ин тоҷикдухтар дар мусобиқаҳои гуштӣ дар кишвари Лаҳистони Аврупо ширкат кард ва дар вазни мутлақ (аз 100 кило боло) медали тиллои ин мусобиқаро ба даст овард.
— Дилдора Раҳмоноваро тамоми мардуми ҷамоатамон бо хушҳолӣ ва гулдастаҳо истиқбол гирифтаанд. Дар ин рӯз шодиву нишоти мардуми моро ҳадду канор набуд. Чунки ин аввалин тоҷикдухтари мост, ки дар чунин мусобиқаи сатҳи ҷаҳонӣ ба чунин муваффақияти бузург ноил шудааст. Дилдора аз хурдӣ ба варзиш машғул аст ва солҳои охир дар сабқатҳои гуногуни бонуфуз шӯҳрати Қирғизистонро ҳимоя кардааст, — афзуд Мавлонҷон шарифзодаи Абдураззоқ.
Ба гуфтаи ӯ соли 2016 Дилдора Раҳмонова беҳтарин варзишгари Қирғизистон эътироф шуд. Собиқ нахуствазири кишвар, ки ҳоло дар мақоми раёсатиҷумҳур ифои вазифа менамояд, Дилдораи учқӯрғониро бо тӯҳфаҳои моливу хотиравӣ қадр намуд. Мавсуф таъкид кард, ки дар ҷараёни истиқболгирии қаҳрамони ҷаҳон аз рӯи гуштии тарзи камарбандӣ мақомоти раҳбарии ҷамоати шаҳрвандони деҳаи Учқӯрғон Дилдора Раҳмоноваро бо 50 ҳазор сом ё муодули 850 доллари амрикоӣ сарфароз намуд.
Дилдора Раҳмонова дар хонаводаи кишоварз Ғуломҷон Раҳмонов ба дунё омадааст. Нуфуси ин ҷамоат бештар аз 27 ҳазор нафар буда, қисмати аъзами онро тоҷиктаборон ташкил мекунанд. Ба гуфтаи Ғуломҷон Раҳмонов аз чунин дастоварди духтараш хеле ифтихор менамояд, зеро вай дар баробари боло бурдани шӯҳрати мамлакаташ шӯҳрати тоҷикони Қирғизистонро низ дар арсаи байналмилалӣ боло бурд.
Мирасрор Аҳроров,
хабарнигори “Фараж”, ноҳияи Қадамҷои вилояти Ботканд, Қирғизистон.
Дар акс: аз чап ба рост Ғуломҷон Раҳмонов бо духтараш ва Мавлонҷон Шарифзодаи Абдураззоқ.