Ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар мавсими Ҳаҷ-2019 парвозҳояшро аз сар мегирад. Дар ин бора зимни нахустин нишасти роҳбарони ширкатҳои ҳавопаймоии Осиёи Марказӣ директори Агентии авиатсияи граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон Икром Субҳонзода хабар дод.

Икром Субҳонзода мегӯяд, ки айни ҳол корҳои омодагӣ барои азсаргирии парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» идома доранд.

— Ҳамчунин, ҳавопаймоҳои ҶСК «Тоҷик Эйр» аз муоинаи техникӣ ва расмиёти дигари муайян гузаронида хоҳанд шуд. Дар мавсими Ҳаҷ-2019, дар баробари ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ширкати ҳавопаймоии миллии «Тоҷик Эйр» низ ба интиқоли зоирини тоҷик машғул хоҳад шуд. Баъд аз ин зина ба зина парвозҳои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар дигар хатсайрҳо низ барқарор карда мешаванд, — илова кард Субҳонзода.

Маврид ба зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бинобар мушкилоти молӣ аз 4-уми январи соли равон парвозҳои худро ба шаҳрҳои Федератсияи Русия ва кишварҳои дигар ба муҳлати номуайян қатъ карда буд.

Ширкати мазкур дар охири моҳи марти соли равон тасмим дошт парвозҳояшро аз нав барқарор кунад, аммо бо баъзе мушкилоти моливу маъмурӣ муваффақ нашуд.

Қабл аз ин ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Урумчӣ-Душанбе, Душанбе-Теҳрон-Душанбе, Душанбе-Алма-Ато-Душанбе, Душанбе-Бишкек-Душанбе, Душанбе-Самарқанд-Душанбе, Душанбе-Маскав-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Сургут-Душанбе, Душанбе-Нижневартовск-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Душанбе-Хуҷанд-Душанбе ва Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳои мунтазамро иҷро мекард.

Ёдовар мешавем, ки парки ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» аз тайёраҳо ва чархболҳои Boeing 737-300, Boeing 757-200, Boeing 767-300, Bombardier CRJ–200, Ан-28 ва Ми-8 МТВ иборат мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here