Ширкати миллии ҳавопаймоии Тоҷикистон — Ҷамъияти саҳҳомии кушодаи «Тоҷик Эйр» бо гузашти 8 моҳ парвозҳояшро дар хатсайри Душанбе-Маскав барқарор кард. Дар ин бора ба Faraj.tj аз ин ширкат хабар доданд.

Бино ба иттилои манбаъ, айни ҳол дар тамоми нуқтаҳои билетфурӯшии кишвар фурӯши билетҳо дар хатсайри Душанбе-Маскав ва Маскав-Душанбе ба роҳ монда шудааст.

Парвози нахустин дар ин самт рӯзи 2-юми сентяби соли равон аз сар гирифта мешавад.

Арзиши билет ба як самт 2844 сомонӣ муқаррар шудааст. Парвозҳо дар ин хатсайр тавассути ҳавопаймои Boeing 767-300 анҷом дода мешаванд. Масъулини ширкат иброз медоранд, ки дар ояндаи наздик арзоншавии нархи роҳкиро дар ин масир дар назар дошта шудааст.

Қабл аз ин ширкати «Тоҷик Эйр» парвозҳояшро дар масири Душанбе-Машҳад-Душанбе барқарор карда буд.

Ҳамчунин, ширкат дар мавсими «Ҳаҷ-2019» 10 парвоз дар масири Душанбе-Ҷидда-Душанбе ва Хуҷанд-Ҷидда-Хуҷанд анҷом дода буд.

Маврид ба зикр аст, ки ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бинобар мушкилоти молӣ аз 4-уми январи соли равон парвозҳои худро ба шаҳрҳои Федератсияи Русия ва кишварҳои дигар ба муҳлати номуайян қатъ карда буд.

Қабл аз ин ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» дар хатсайрҳои Душанбе-Деҳлӣ-Душанбе, Душанбе-Урумчӣ-Душанбе, Душанбе-Теҳрон-Душанбе, Душанбе-Алма-ато-Душанбе, Душанбе-Бишкек-Душанбе, Душанбе-Самарқанд-Душанбе, Душанбе-Маскав-Душанбе, Душанбе-Санкт-Петербург-Душанбе, Душанбе-Екатеринбург-Душанбе, Душанбе-Сургут-Душанбе, Душанбе-Нижневартовск-Душанбе, Душанбе-Новосибирск-Душанбе, Душанбе-Хуҷанд-Душанбе ва Душанбе-Хоруғ-Душанбе парвозҳои мунтазамро иҷро мекард.

Ёдовар мешавем, ки парки ҳавопаймоии ҶСК «Тоҷик Эйр» аз ҳавопаймоҳо ва чархболҳои Boeing 737-300, Boeing 757-200, Boeing 767-300, Ан-28 ва Ми-8 МТВ иборат мебошад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here