Раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода имрӯз дар нишастӣ матбуотӣ иттилоъ дод, ки то ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар бунёди 112 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ дар вилоят ба нақша гирифта шудааст.

Раиси вилоят гуфт, аз шумораи корхонаҳо то шашмоҳаи соли 2020-ум 46 ададаш  бунёд шудааст, ки аз ин ҳисоб наздики 500 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.

Ҳамчунин, раиси вилоят иттилоъ дод, ки бахшида ба ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии кишвар дар шаҳру ноҳияҳои вилоят бунёд ва навсозии 7 ҳазору 654 адад бинову иншоот ба нақша гирифта шудаанд, ки аз он то шашмоҳаи соли равон 4 ҳазору 378 бинову иншоот сохта ба истифода дода шудаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here