Шаҳрвандони Тоҷикистон дар оташсӯзии фабрики пойафзолбарории Новосибирски Русия осеб надидаанд.

Пештар расонаҳои русӣ хабар доданд, ки дар натиҷаи оташсӯзӣ дар як фабрики пойафзолбарорӣ нӯҳ нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон ва Чин ҷон бохтанд.

Дастари матбуоти Сафорати Тоҷикистон дар Маскав ба АИ «АП» гуфтааст, ки ин маълумот саҳеҳ нест. Шахсони расмӣ ба сафорат хабар додаанд, ки тоҷикистониҳо дар ин фабрик кор намекардаанд.

Бино ба иттилои АИР «Новости» дар оташсӯзии Новосибирск 10 нафар ҳалок шудаанд. Дар байни онҳо 7 нафар шаҳрванди Чин, ду қирғистонӣ ва 1 шаҳрванди Русия будаанд. 

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here