Мусулмонҳои Русия дар назди сафорати Мянмар дар Маскав ҳамоиши эътирозӣ барпо карданд, ки дар байни онҳо муҳоҷирони меҳнатӣ аз Тоҷикистон низ буданд. Шумораи эътизрогарон 1 500 нафар гуфта мешавад, ки эътирози худро ба куштори мусалмонони роҳингияӣ ба дасти артишу буддоиҳои ифротӣ иброз карданд.

Ин таҷаммӯъ рӯзи сеюми сентябр баргузор шуд, ки шиори он маҳкум кардани қатли оми мусалмонони роҳингияӣ ба дасти артишу буддоиёни ифротии Мянмар ва хостори поён додан ба ин наслкушӣ буд.

Полис ба кори худ машғул буд ва аз сафорати Мянмар дар Маскав муҳофизат мекард. Эътирозгарон, ки барои ин гирдиҳамоӣ иҷозатнома надоштанд, аз ҷониби полис ҳущдор гирифтанд, ки бе осеб расондан ба сафорати Мянмар таҷаммӯъро ба поён расонанд. Ҷамъшудаҳо эътирози худро баён карда, намози зуҳро дар ҳамон ҷо адо карданд.

Комиссариати олии Созмони Милали Муттаҳид гузориш медиҳад, ки дар умури паноҳандагон (UNHCR) дар пайи ташдиди хушунатҳои хунин ҳудуди 60 ҳазор мусалмонони роҳингияӣ ба Банғола гурехтаанд. Хушунатҳои хунини дубора зидди мусалмонони роҳингияӣ пас аз иқдоми ахири артиши Мянмар дар гусели нерӯҳои худ ба вилояти ғарбии Мянмар оғоз шуд, ки боиси кушта шудани садҳо нафар гардидаанд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here