Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлуботи кишвар дар се сардхонаи марбут ба ин корхона дар миқёси ҷумҳурӣ соли равон ба миқдори 1219 тонна пиёз, 1189 тонна картошка ва 100 тонна сабзӣ захира кардааст, ки барои пешгирии болоравии нархи маҳсулоти номбурда мусоидат хоҳад кард.

Муовини раиси Иттифоқи Тоҷикматлубот Хуршед Сангаков дар нишасти матбуотии 6-уми феврал, дар ин бора гузориш дода, бо ишора ба болоравии нархи маҳсулоти ниёзи аввалия дар соли гузашта, гуфт, ки тамоми чораҳои заруриро андешидаанд, ва бо ин мақсад аз тарафи ташкилоту муассисаҳои кооператсияи матлубот мунтазам ярмаркаҳои фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ гузаронида мешавад.

— Шаҳрдории Душанбе ҳам соли равон теъдоди зиёди маҳсулоти аввалияи хоҷагии қишлоқро захира кардааст, ки аз болоравии нарх дар бозорҳои шаҳри Душанбе ҷилавгирӣ хоҳад шуд. Бояд гуфт, чунин ҳаҷми калон захира шудани маҳсулоти ниёзи аввал солҳои қаблӣ дида намешуд ,- қайд кард Сангаков.

Раёсати Иттифоқи Тоҷикматлубот аз фаъолияти хуб надоштанаш дар содироти маҳсулоти ватанӣ ба хориҷи кишвар дар соли гузашта иқрор кард ва гуфт бо назардошти баъзе мушкилоти иқтисодӣ танҳо ба Федератсияи Русия 35 тонна консерва содир кардаанд. “Имсол бошад, нақшаҳои калон дар пеш аст”.

Хуршед Сангаков дар мавриди гуё ба талаботи нигоҳдории маҳсулот ҷавобгӯ набудани сардхонаҳои Тоҷикматлубот, ки дар натиҷа миқдори зиёди маҳсулоти захирашуда вайрон мешаванд, изҳори норизоят карда гуфт, ки ҳама маҳсулот бо меъёрҳои муқарраргардидаи сардӣ нигоҳ дошта мешаванд.

— Гармии имсола ҳам барои нигоҳубини маҳсулоти хоҷагӣ, махсусан, бо миқдори калон, дар ҳақиқат моро ба мушкил мувоҷеҳ кардааст. Ҳар навъи он дар алоҳидагӣ ва дар ҳарорати муайян нигоҳ дошта мешавад. Масалан, пиёз доимо дар ҳарорати -1 дараҷа нигоҳдорӣ бояд шавад. Биёед иқрор шавем, ки як халта картошка ё пиёзро дар хона ба муддати тӯлонӣ захира кардан чӣ қадар бо душворӣ ба даст меояд. Чӣ қадар кӯшиш накунем, бар ҳар ҳол он мепусад. Акнун фикр кунед, ҳазорҳо тонна маҳсулотро нигоҳ доштан чӣ қадар душворӣ меорад. Лозим шавад, духтарону занҳои хонашин барои тоза кардани маҳсулот сафарбар мешаванд, ки ба онҳо ҳаққи меҳнат пардохта мешавад, — гуфт муовини раис.

Ин дар ҳолест, соли гузашта, бо сабаби боридани барфи зиёд дар ағбаи Анзобу Шаҳристон ва баста шудани роҳҳои Душанбе — Хуҷанд нархи картошка яку якбора боло рафт. Масъулини бозори “Саховат”-и шаҳри Душанбе барои чанд рӯз ҳама нуқтаҳои савдои чаканаи картошкаро бастанд ва дар шарҳи сабаби басташавии нуқтаҳо гуфтанд, ки савдогарон худсарона нархро боло бардоштаанд. Пас аз ин дар бозор мошинҳои сайёри фуруши маҳсулот пайдо шуданд. Ҳарчанд нархи картошка дар ин мошинҳо нисбатан арзон буд, вале баъди ба гармӣ расидан маъдум мешуд, ки яхзадаву вайронанд. Он замон роҳбарият гуфта буданд, ки бо гузаштани муҳлати нигоҳдории маҳсулот он ба пӯсидан сар мекунад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here