Тоҷикистон ба қатори рӯйхати 20 кишвари фаъоли сайёҳии ҷаҳонӣ, ки аз ҷониби ташкилоти байналхалқии British Backpacker таҳия шудааст, дохил гардидааст. 

Ба кишварҳои сатҳи сайёҳиашон баландтар Покистон, Русия, Ҳиндустон, Туркия ва Қирғизистон шомиланд, ки дар ҷойи панҷум қарор доранд. 

Тоҷикистон дар қатори кишварҳои Лубнон ва Чин баҳогузорӣ шудааст, ки ин кишварҳо дар дараҷаи ҳафтуми рейтинг ин ташкилоти байналмилалаӣ дохиланд. Ҳамсоякишварамон Ӯзбекистон  дар рӯйхати 19-умин дараҷаи рейтинги мазкур шомил аст. 

Ба гурӯҳи дигар Гурҷистон, Уганда, Босния ва Ҳерсеговин, Урдун, Ироқ, Ҷумҳурии Демократии Конго, Алҷазоир, Монтенегро, Миср, Руанда, Косово дохил мешаванд. 

Ташкилоти байналмилалии Ҷамъияти саҳҳомии Британияи Кабир як ҷомеаи сайёҳме мебошад, ки ба омӯзиши кишварҳои рӯбатараққиниҳода машғул аст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here