FIFA рейтинги январии дастаҳои аъзояшро ба нашр расонд, ки дар он мавқеи дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон тағйир накардааст.

Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар рейтинги январии FIFA бо 255 имтиёз дар зинаи 126-ум қарор дорад. Дар байни дастаҳои узви Конфедератсияи футболи Осиё Тоҷикистон дар зинаи 23-юм аст.

Дар садри рейтинг тағйирот нест ва чун пешин дастаҳои мунтахаби Олмон, Бразилия ва Португалия дар се ҷойи аввал қарор доранд.

Дар ин рейтинг ҷаҳиши назаррасро Кувейт кардааст, ки 15 зина боло рафтааст. Афтиши амиқ ба дастаҳои Гаитӣ ва Суринам тааллуқ дорад, ки аввалӣ 31 ва дуюмӣ 32 зина мавқеъро аз даст додаанд

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here