Дар мулоқоти роҳбари гуруҳи дӯстии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нурулло Оқилзода бо роҳбари гуруҳи дӯстии парламенти Ҷумҳурии Беларус Михаил Орда таъкид гардид, ки ҳамкорӣ дар бахшҳои агросаноатӣ, нақлиёт, энергетика, саноати сабуку хӯрокворӣ ва ғайра бояд ҷоннок карда шавад.

Зимни ин мулоқот масоили рушди муносиботи дӯстӣ ва тавсиаи ҳамкории парламентии ду кишвар баррасӣ гардид. 

Вакили парламенти Тоҷикистон аз муҳтавои робитаҳои дуҷонибаи парламентҳои Тоҷикистону Беларус изҳори қаноатмандӣ намуда, таъкид дошт, ки муносиботи ду кишвар хислатҳои шарикии стратегиро касб намудаанд. Изҳори бовар карда шуд, ки бо талошҳои муштараки ду ҷониб сатҳи ҳамкориҳои  мутақобилан судманди парламентӣ ба қуллаҳои баланд расонда мешавад.

Барои ба сатҳи сифатан нав расонидани муносибатҳо, дар навбати аввал беҳтарсозии кори Гурӯҳи парламентӣ байни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Палатаи намояндагони Ҷумҳурии Беларус, ҳамчунин иштироки фаъоли парламентҳои ҳар ду давлат дар татбиқи санадҳои зимни сафари расмии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Беларус имзошуда, муҳиму манфиатнок шуморида шуд.

Аз раванди густариши робитаҳои сиёсиву иқтисодӣ ва гуманитарии Тоҷикистону Беларус изҳори қаноатмандӣ карда шуд ва ҷиҳати роҳандозии ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаҳои гидроэнергетика, комплекси агросаноатӣ, маориф ва туризм пешниҳодҳои судманд баён гардид.

Ҷонибҳо ҳамчунин бар зарурати татбиқи босамари Барномаи байнидавлатии рушди ҳамкорӣ барои давраи то соли 2020, роҳандозии робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои ду кишвар, таъсиси корхонаҳои муштараки саноатӣ ва паркҳои технологӣ дар Тоҷикистон таъкид доштанд.

Гуфтугӯйи судманд ҳамчунин доир ба авзои кунунии Шарқи Наздик ва дигар минтақаҳои доғи ҷаҳон ва ҳамкории байналмилалии Тоҷикистону Беларус сурат гирифт.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here