Дар назар аст, ки Тоҷикистон ба ҷониби Узбекистон дар як сол ба миқдори 1,5 миллиард киловатт соат қувваи барқ фароҳам мекунад.

Як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ ба ОИ «АП» гуфтааст, ки Тоҷикистон омодааст аз моҳи марти ҳамин сол ба Узбекистон барқ диҳад, ки ҳаҷми умумии он на камтар аз 1,5 миллиард киловат соат дар сол аст. Айни замон тарафҳо оид ба ин масъала гуфтушунид мекунанд ва сари нархи он тавофуқ ҳосил хоҳад шуд.

Қарори қатъӣ дар ин бора зимни сафари президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев ба Тоҷикистон, ки аввали моҳи март дар назар аст, гирифта хоҳад шуд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here