Вазорати молия ва Кумитаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии Бонки Ҷаҳонӣ ба муносибати нашри дуюми ҳисоботи Ташаббуси шаффофият дар соҳаи истихроҷ (ТШСИ) ва мукаммалсозии ҳамкории минтақавӣ коференсия баргузор намуд.

Ҳадафи асосии конференсия, ки имрӯз, 16-уми октябр дар толори “Миллат”-и меҳмонхонаи “Серена” баргузор гардид, муаррифӣ намудани ҳисоботи ТШСИ дар Тоҷикистон, мубодилаи таҷрибаҳо бо ширкаткунандагон аз давлатҳои узви ташаббус дар минтақаҳо ва мусоидат намудан ба ҳамкории самарабахш дар чаҳорчӯбаи татбиқи барномаи ТШСИ мебошад.

Дар конференсия намояндагони байналхалқӣ аз ҷумҳуриҳои  Украина, Қазоқистон, Қирғизистон ва Монголия, намоядагони сохторҳои давлатӣ, ширкатҳои истихроҷкунанда дар Тоҷикистон, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳамчунин, Вазорати саноат ва технологияҳои нав, Вазорати рушди иқтисод, намоядагони ташкилотҳои гуногун ва ҳамаи ҳайати Шӯрои миллии ТШСИ дар Тоҷикистон иштирок доштанд.

Гуфта шуд, феълан 51 давлати дунё узви ТШСИ мебошад ва Тоҷикистон моҳи августи соли 2012 ба ин ташаббус пайвастааст.

Моҳи феврали соли 2013, дар ҷаласаи 22-юми байналхалқии ТШСИ Тоҷикистон статуси номзадиро ба ин Ташаббус пайдо кард. Ҳар як сесола кишвари номзад аз санҷиши Ташаббус мегузарад ва агар он ба стандартҳои ТШСИ ҷавоб гуфта тавонад, баъдан ба узвият пазируфта хоҳад шуд.

Феълан дар Тоҷикистон 29 ширкати истихроҷии ватанию хориҷӣ фаъолият карда истодааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here