Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Неругоҳи барқи обии Роғун» дар вебгоҳи худ соати ҳисоботи мутақобила насб карда кардааст, ки тибқи он то ба истифодадиҳии агрегати аввали НБО «Роғун» 66 рӯз мондааст.

Дар назар аст, ки агрегати нахустини НБО «Роғун» 16 ноябри соли равон, дар Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон расман ба истифода дода шавад.  Дар ин бора оғози соли равон Роҳбари ширкати «Салини Импреҷило» (Salini Impregilo) Пиетро Салини пас аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон хабар дода буд.

НБО «Роғун» бо иқтидори 3600 мегаватт ва арзиши умумии 3,4 миллиард доллари амрикоӣ бунёд хоҳад шуд, ки дар як сол зиёда аз 17 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол менамояд. Ин неругоҳ бо истеҳсоли «неруи сабз», яъне бе партовҳои зарарнок ба атмосфера ва риояи меъёрҳои муосири экологӣ яке аз беҳтарин неругоҳи барқи обӣ дар ҷаҳон ба ҳисоб рафта, мувофиқи хулосаи мутахассисон ва коршиносони сатҳи ҷаҳонӣ, ба манфиати кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Осиёи Ҷанубӣ равона шудааст.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here