Бар асари боришоти пайвастаи барфу борон дар ду рӯзи охир ва лағзиши тармаву резиши санг қитъаҳои гуногуни роҳҳои мошингарди Душанбе-Чаноқ ва Хоруғ-Ишкошим баста шуданд. Барои тоза кардани роҳҳо нерӯҳо ва воситаҳои техникии хадамоти роҳи Вазорати нақлиёт, бахши хадамоти роҳи ширкати Innovative Road Solutions (IRS), мақомоти ҳокимияти маҳаллӣ ҷалб карда шудаанд.

Бино ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар то 16-уми феврали соли 2019 хатари лағзиши тарма ва резиши санг дар роҳҳои кӯҳӣ боқӣ мемонад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ ва меҳмони кишвар хоҳиш кардааст, ки боэҳтиёт бошанд ва ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ ҳама қоидаҳои бехатариро риоя кунанд.

Кумита тавсия медиҳад, ки дар ин гуна рӯзҳои хатарзову пурбориш аз сафарҳои безарурат худдорӣ кунанд. Рафатан ба саҳрову доманакӯҳҳо, шикору омода кардани ҳезум ва ғайраро то фаро расидани фурсати муносиб мавқуф гузоранд.

Ба гуфтаи сардори Маркази обуҳавосанҷии Агентии обуҳавошиносии  Тоҷикистон Ҷамила  Байдуллоева, дар тӯли моҳи феврал бориш дар рӯзҳои алоҳида пешгӯӣ карда мешавад. Эҳтимол аст, рӯзҳои 17-18 феврал, аз 20 то 22 ва  то охири моҳи феврал дар қисми зиёди водиҳо борон ва барфи тар резад. Дар назар аст, ки дар қисматҳои кӯҳӣ асосан барф резад.

— 14 феврал дар ҷумҳурӣ ҳавои ноустувор шуда, боридани борон ва барф дар назар аст. Шабонарӯзи наздик дар натиҷаи воридшавии ҳавои сарде, ки аз тарафи Урал ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мешавад, дамои ҳаво дар қисми зиёди водиҳо ва қисман дар минтақаҳои кӯҳӣ паст мегардад, — гуфтааст ин манбаъ.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here