Ширкати Tcell аз роҳандозии замимаи «ТезСум» барои пардохтҳои ғайринақдӣ ва интиқоли маблағҳо эълон хабар дод.

«ТезСум» — роҳҳали технологӣ аз Тсеll, дорои муҷаввизи Аввалин Бонки Молиявии Хурд буда, мушкилоти ҷустуҷӯи терминалҳои пардохтро ҳал, вақти шуморо аснои пардохтани ҳисобҳо, аз ҷумла, пардохти хизматрасониҳои коммуналӣ, интернети хонагӣ ва ТВ, ҷаримаҳои ҳаракат дар роҳ ва ғайра сарфа менамояд.

Ба ғайр аз ин, Шумо метавонед корти бонкиатонро ба барнома пайваст карда, тавассути системаи пардохтҳои бонкии “Корти Миллӣ” ҳама гуна пардохтҳоро мустақиман аз кортатон анҷом диҳед.  Ҳамчунин, Шумо имкон доред тариқи як корти бонкӣ ба дигар корт маблағҳоро интиқол диҳед.

 «Вақте мо ба коркард ва таҳияи барномаи «ТезСум» оғоз кардем, қабл аз ҳама дар бораи роҳатӣ ва осонии кори истифодабарандагон фикр кардем. Дунё аллакай ба давраи диҷитол (рақамӣ) ворид гардида, тиҷорати клоссикии “дар коғаз” дигар муассир нест, барои ҳар як одам вақту дақиқа ғанимат аст, суръат ва самара дар ҷои аввал қарор мегирад: чӣ дар вақти иртибот бо наздикону пайвандон ва чӣ дар ҷараёни кор, инчунин ҳангоми пардохти ҳама гуна маблағҳои пардохтӣ. Tcell тарҳҳои зиёди гузариш ба “диҷитол”-ро амалӣ менамояд. Барои мо муҳим аст, ки муштариёнамон дар Тоҷикистон аз дастовардҳои навтарини технология истифода бурда тавонанд”,- мегӯяд директори генералии ширкати Tcell Озодхон Давлатшоев.

Замимаи «ТезСум»-ро дар App Store ва Google Play боргирӣ карда метавонд. Барои кор бо барнома фақат пайваст будан бо Интернет басанда аст. Сабти ном (бақайдгирӣ) дар замима тавассути рақами телефон анҷом мепазирад.

Пур кардани ҳамён бо се тарз мумкин аст:

  1. Агар Шумо муштарии Tcel бошедl, тавозуни мобилиатон мустақиман (бевосита) ба «ТезСум» пайваст аст. Аз тавозуни телефон бо осонӣ ба тавозуни ҳамёнатон пул гузаронида метавонед.
  2. Бо дилхоҳ корти бонкии “Корти Миллӣ” тавозуни ҳамёнро пурра кардан мумкин аст.
  3. Ҳамчунин, пур кардани тавозуни барнома тавассути терминалҳо имконпазир аст.  Барои осонии кори Шумо дар барнома харитаи ҷойгиршавии марказҳои хизматрасонии Tcell ва терминалҳо нишон дода шудааст, ки дар он ҷойҳо метавонед ҳамёнатонро пурра намоед.

Тариқи барномаи «ТезСум» дар ҳар вақту соат ҳисобҳоро пардохт кардан мумкин аст.   Замимаи мазкур хеле содда, осон ва қулай аст, аз ҳама муҳимаш он ҳангоми истифода бехатар аст. «ТезСум» бо рамзи инфиродӣ ҳимоя шуда, онро фақат худи истифодабаранда медонад. Инчунин, тавассути изи ангушт низ ҳимоя шудааст.

Ба ғайр функсияи пардохт корбарон метавонанд ба воситаи ин барнома хароҷоти худро ҳангоми амалиётҳо таҳлил намоянд!

Бо замимаи  «ТезСум» аз Tcell барои пардохти ҳисобҳо вақту соати Шумо беҳуда намегузарад!

Маълумоти муфассалро аз ин нишонӣ дарёфт карда метавонед: http://tezsum.tj/

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here