Расонаҳо гузориш доданд, неонатсист Маким Марсинкевич, маъруф ба Тесак, дар як боздоштгоҳи пеш аз муҳокима (СИЗО) дар Члябинск худкушӣ кардааст. Хадамоти федеролии иҷрои ҷазо (ФСИН) марги Марсинкевичро таъйид кардааст. Онҳо гуфтанд, ки иллати аввалияи марг худкушӣ аст.

Воқеияти худкушии Тесаки 36-сола тавассути канали телеграми Baza, баъдтар аз тарафи оҷонисҳои РАПСИ ва ТАСС ба нақл аз манобеи онҳо гузориш шуд.

Расонаҳо навиштанд, ки «ҷасади Марсинкевич дар яке аз ҳуҷраҳои боздоштгоҳи пеш аз муҳокима (СИЗО-3) дар Члябинск пайдо шудааст. Тибқи иттилооти аввалия, вай худкушӣ кардааст».

Як манбаи огоҳ ба РАПСИ гуфтааст, ки Марсинкевич ҳангоми интиқол ба Маскав дар як бахши инзиво мурда пайдо шуд. Ба гуфтаи ин оҷонсӣ Тесак ёддошти худкушӣ гузоштааст.

Баъдан, ОИР “Новости” гузориш дод, ки марги Тесак дар бахши Хадамоти федеролии иҷрои ҷазои Члябинск (ФСИН) таъйид шуд.

Марсинкевич бори аввал дар соли 2007 ба далели ифротгароӣ зиндонӣ шуда буд ва бори дуюм барои марги як муҳоҷири тоҷик ҳабс гардид. Соли 2009 ӯ барои паҳн кардани наворе, ки қатли муҳоҷири тоҷик сабт шуда буд, зиндонӣ шуд.

Баъди  ба озодӣ баромадан Тесак бо ҳаммаслаконаш ба шикори нафароне даст заданд, ки ба кӯдакон озори ҷинсӣ мерасонданд. Онҳо дар Youtube як канал роҳандозӣ карданд ва сабти суҳбат бо нафарони дастгиршуда, латукӯб, таҳқир, ба сару рӯяшон шошиданро нашр карданд.

Ҳамчунин, чунин амалҳоро бар зидди нафароне, ки маводи мухаддир мефурӯхтанду паҳн мекарданд, роҳандозӣ карда буд.

Соли 2013 ӯро дар Куба барои бе виза дар ин кишвар буданаш, дастгир ва ба Русия истирдод карданд. Суд ӯро ба муддати 2 солу 10 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here