Гурӯҳи террористии ДИИШ дар иқдоме ваҳшиёна, як халабони артиши Сурияро, ки ба асорат гирифта буд, оташ зад.

Хабаргузории Аъмоқ вобаста ба ДИИШ рӯзи панҷшанбе бо интишори видеои 55-дақиқаӣ, аз эъдоми шуморе аз сарбозон, ки ба назар мерасад аз артиши Сурия ҳастанд, хабар дод.

Ин гурӯҳи террористӣ ҳамчунин дар бахше аз ин видео тасвире аз ба оташ кашидани  халабони неруи ҳавоии артиши Сурияро ба намоиш гузоштааст. Ин халабон аз аҳолии устони Ҳамоҳ буд, ки ҳавопаймоии ӯ моҳи апрели соли 2016, суқут мекунад ва ба асорати ин гурӯҳи террористӣ меафтад.

Ин гурӯҳи террористӣ дар феврали соли 2015 низ як халабони урдуниро баъд аз асорат оташ зада буд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here