Маркази матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ аз содир шудани чанд ҷиноят хабар дод, ки аз дуздиву қаллобиву даллагӣ дарак медиҳад.

Ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат бо ариза зани 73-солаи сокини деҳаи Ситораи Сурхи шаҳри мазкур муроҷиат кардааст, ки моҳи августи соли 2018 шахсони номаълум бо тариқи пинҳонӣ вориди хонаи истиқоматиаш шуда, аз он ҷо як телефони мобилии тамғаи “Самсунг Галакси-8”, ки арзишаш 20 000 рубли русиро ташкил медиҳад, дуздидаанд. Аз ҷониби кормандони милитсия марди 25-солаи сокини деҳаи Бузбити шаҳри Ваҳдат, ки пеш бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони содир кардани ин дуздӣ дастгир карда шудааст.

Ба ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав аризаи роҳбарияти ширкати ҶДММ “Дон-Ғарм”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансури Душанбе ворид гардидааст, ки дар давоми солҳои 2013 то 2017, марди 41-солаи сокини ҷамоати деҳоти Чусти ноҳияи Шаҳринав бо роҳи фиреб ба боварии ширкати мазкур даромада, 953 халта орди навъи якум, ки арзиши умумиашон 9013 доллари амрикоиро ташкил медиҳад, барои фурӯш гирифта, то ҳол маблағашонро барнагардонидааст. Аз рӯи ин ҳодиса тафтишот оғоз шудааст.

Аз ҷониби кормандони милитсия зани 43-солаи сокини ноҳияи Спитамен ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти даллагӣ дастгир карда шудааст. Номбурда, рӯзи 21-уми январи соли 2019, тахминан соати 10:00, дар ҳудуди ноҳияи Спитамен марди 37-солаи сокини шаҳри Кӯлоб ва зани 45-солаи сокини ноҳияи Спитаменро барои алоқаи ҷинсӣ намудан шинос карда, аз онҳо 200 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст. Нисбати зани номубрда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 239-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here