Вақтҳои охир дуздон он қадар густоху бериё шудаанд, ки дар рӯзи равшан телефонҳои мардумро бо баҳонае аз дасташон мегиранд ва бозпас намедиҳанд. Як авбош ин чанд рӯзи пеш ба даст афтодааст, ки бо баҳонаи ба касе занг задан аз шаҳрванд телефонашро хостааст, вале барнагардонадааст.

Ҷумаев Ҳошим Абдулқосимович, соли таваллудаш 1999, истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ гарчанде қаблан ду маротиба бо ҷурмҳои ғайриқонунӣ рондани автомашина ва авбошӣ суд шуда бошад ҳам, панд нагирифта, ин навбат даст ба ҷинояти ғоратгарӣ задаст. Ӯ 28-уми август бо мақсади содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дар маҳаллаи Гипрозем телефонии мобилии шаҳрванд Болтаев Ҳусниддин, сокини ноҳияи Темурмаликро бо баҳонаи ба рафиқаш занг задан гирифта, бознагардонад, аз ҷои ҳодиса фирор кардааст. Айни замон нисбати гумонбар бо моддаи 248 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Кормандони милитсия ҷавони 29-солаи сокини ноҳияи Муъминободро ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти ғоратгарӣ дастгир кардаанд. Тафтиш муайян кардааст, ки номбурда 6-уми сентябр ҳангоми дар кӯчаи Войковаи шаҳри Душанбе қарор доштанаш, бо роҳи зӯрӣ аз дасти ҷавондухтари 24-солаи сокини ноҳияи зикргардида 2 адад телефонҳои мобилии тамғаи “Самсунг” ва “Нокия” ва 200 сомониро гирифааст. Зарари расонидашуда 430 сомониро ташкил медиҳад.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here