11 пойгоҳи заминавии ширкати Tcell дар Суғд ва Хатлон то ба стандарти 3G густариш ёфтанд, ки ин омил фарогирии шабакаи 3G аз ин ширкатро дар ҷумҳурӣбузургтар сохт. Ин пойгоҳҳои такмилёфта ба сокинони Панҷакент, Айнӣ, Ҷиликӯл, Хуросон, Бохтар ва Абдураҳмони Ҷомӣ дастрасӣ ба хадамоти онлайнро фароҳам оварданд.
Пойгоҳҳои ҷадиди базавӣ ба сокинони ҷамоатҳо имконияти пайваст шудан ба шабакаи ҷаҳонии Интернетро муҳайё сохта,шароити боз ҳам бештареро барои дастрасӣ ба манобеъи гуногун осонтар менамояд. Бо истифорда аз тарофа ва опсияҳои қулайи «Паёмрасонҳои бемаҳдуд» ва «Шабакаҳои иҷтимоии номаҳдуд» муштариён ҳамеша дар иртибот бо наздикону пайвандон қарор хоҳанд дошт. Тафсилоти бештар дар ин ҷост: https://www.tcell.tj/internet/options-and-services/unlimited-options.php
Ширкати мухобиротии Tcell, ки авлавияти фаъолияти он таъмин ва дастрасии аҳолии Тоҷикистон бо фанновариҳои ҷадид мебошад, барои рушди зерсохторҳои шабакавӣ сармоягузориро идома медиҳад. Тарҳи таҷдид ва тақвияти бузургмиқёси шабака, ки аз сӯи ширкат амалӣ мешавад, такмил додани зерсохторҳои мавҷударо барои пешниҳоди хидматрасонииҳои ҳар чӣ беҳтар ба сокинони кишвар дар назар дорад.