Бо ибтикори ширкати Tcell ва оҷонсии таблиғотии Тайрон дар пойтахти Тоҷикистон «Digital Marketing Day» баргузор шуд. Мураббиёни ин анҷуман коршиносон дар бахши бозорёбӣ ва диҷитолу тарғибот аз Русия – Роман Пивоваров ва Денис Баталин буданд.

Яке аз самтҳои асосии фаъолияти ширкати Tcell – тавсеаи муҳити рақамӣ (диҷитол) ва татбиқи он дар шабакаи ҷаҳонӣ барои муаррифии гуногунии муҳтавои Тоҷикистон мебошад. Фазо ё худ муҳити Digital дар дунё ҳар як сония рушд мекунад, тағйир меёбад ва бо ин васила барои корбарони рақамӣ (диҷитол) истифодаи навгониҳоро осонтару роҳаттар месозад. Бо тавсеаи муҳити диҷитол Тсеll дар ҳоли анҷоми вазифаи худ аст: татбиқи роҳкору роҳбурдҳои технологиву коммуникатсионӣ дар кишвар, пайвастани Тоҷикистон бо шабакаи ҷаҳонӣ, дастгирии рушди фанновариҳои ҷадид, ки боис ба даст ёфтан ба рушди технологӣ хоҳанд шуд.

Tcell  ҳамоиши «Digital Marketing Day»-ро дастгирӣ карда, барои иштирокчиён шароит фароҳам овард, ки аз мураббиёни варзидаву шинохтаи Русия дар бахши бозорёбӣ (маркетинг) ва тарғиб дарс гиранд.

Зарурат ва муҳимияти «Digital Marketing Day» дар он аст, ки дар шароити кунунӣ фазои тиҷорат ва шеваи пешбурди бозори молу маҳсулот зуду босуръат иваз мешавад. Имрӯз бештари муштариён ба сурати мустақим (онлайн) маълумоти заруриро пайгирӣ мекунанд ва шарикони ҳамкори худро ба ин тарз пайдо кардан мехоҳанд. Ва агар ба ин роҳ онҳо маълумоти заруриро дастрас нанамоянд, ба суолҳои худ ҷавоб нагиранд, роҳи дигар, яъне ширкатҳои рақибро интихоб мекунанд, ки барояшон шароиту маълумоти даркориро таъмин менамоянд.

Рӯзи бозорёбии рақамӣ (диҷитол-маркетинг) беш аз 300 иштирокчӣ, шурӯъ аз роҳбарону бунёнгузорони ширкатҳои бузург то кормандони идорӣ, менеҷерҳо, маркетологҳо ва ҷавонони навроҳро, ки дар ин ҷода қадамҳои аввалинро мегузоранд, гирди ҳам овард. Онҳо бо тарзу усул, шева ва равиши фаъолияти муассир дар бахши реклама, диҷитолу бозорёбӣ, тарғибот ва роҳкорҳои навин ошно шуданд.

Роман Пивоваров ва Денис Баталин, мураббиёни «Digital Marketing Day» – сухангӯёни маъруф аз ширкати ADCONSULT аз шаҳри Маскав буданд. Дар ҳамоиши омехта коршиносони рус иштирокчиёнро бо навгониҳо ва роҳкорҳои навин дар муҳити digital-технология шинос карданд, ки онҳо минбаъд ин дониши худро дар Тоҷикистон татбиқ хоҳанд кард.

Tcell иштирокчиёни ҳамоиш ва коршиносонро бо иртиботи боэътимоду интернети босифат таъмин намуда, барои баргузории анҷуман кӯмак расонд. Қисми бештари форум ба кори амалии иштирокчиён бо интернет бахшида шуда буд, ки зимни он иштирокчиён бо намунаҳои мушаххаси фаъолият дар фазои диҷитол ошноӣ пайдо карданд.

Tcell ҳамчун ширкати инноватсионӣ дар фаъолияти худ фанноварию технологияҳои ҷадидро ворид сохта, мунтазам чорабиниҳоеро, ки марбут ба беҳсозии муҳити технологияи рақамӣ ва тавсеаи он мебошанд, баргузор ва дастгирӣ менамояд.

ЯК ҶАВОБ ТАРК

Please enter your comment!
Please enter your name here